Назорати Амрико бар фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24281-Назорати_Амрико_бар_фаъолияти_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ_дар_Русия
Оҷонси давлатии рушди демократияи Амрико дар саҳнаи байналмилалӣ (USAID), бо интишори гузорише аз афзоиши теъдоди коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия пайвастаанд, ибрози нигаронӣ кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2017 06:28 Asia/Dushanbe
  • Назорати Амрико бар фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Оҷонси давлатии рушди демократияи Амрико дар саҳнаи байналмилалӣ (USAID), бо интишори гузорише аз афзоиши теъдоди коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия пайвастаанд, ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши сойти “Life.ru”, дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Оҷонси давлатии рушди демократияи Амрико дар саҳнаи байналмилалӣ, барои омӯзиши афкори коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия, чанд тарҳи пажӯҳишеро дар қаламрави ин кишвар иҷроӣ кардааст.

Бар ин асос, теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла атбои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далоили мухталиф дар қаламрави Русия, ҷазби мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ шудаанд.

Ҳамчунин фаъолияти мубаллиғони гурӯҳи ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони русӣ ва забонҳои мардумони Осиёи Марказӣ, мӯҷиби гароиши шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба ин созмони террористӣ шудааст.

Аз сӯи дигар ин ниҳоди амрикоӣ қасд дорад, дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ низ тарҳҳои баррасии далоили гароиши ҷавонони ин минтақа ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротиро аз тариқи пардохти маболиғ ба марокизи пажӯҳишӣ ва таҳлилгарони маҳаллӣ, амалӣ созад.

Бо ин ҳол Евгений Эмилянов, муфассири сойти “Life.ru” мӯътақид аст, ки давлати Амрико барои ба ҳам задани авзои кишварҳои мухолиф бо сиёсатҳои Кохи Сафед дар Ховари Миёна, заминаи эҷод ва тақвияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ назири ДИИШ-ро фароҳам кардааст ва бо тарҳҳои пажӯҳишии хеш қасд дорад, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омилҳои осебзо барои амнияти миллии ин ҷумҳуриҳо, аз ҷумла мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони ин минтақа ба Русияро баррасӣ кунад.