Афғонистон барои сулҳ бо Покистон пешшарт таъин кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24333-Афғонистон_барои_сулҳ_бо_Покистон_пешшарт_таъин_кард
Бархе манобеъ аз таъини пешшарти Афғонистон барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Покистон хабар додаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 09, 2017 21:37 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон барои сулҳ бо Покистон пешшарт таъин кард

Бархе манобеъ аз таъини пешшарти Афғонистон барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Покистон хабар додаанд.

Бархе расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз Қодиршоҳ, сухангуи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон эълом карданд, давлати Афғонистон аз Покистон хостааст, ба унвони пешшарт барои шуруи гуфтугӯҳои коҳиши таниши миёни ду кишвар, панҷ фармондеҳи маҳбуси Толибонро ба Кобул таҳвил диҳад .

Тибқи ин гузориш, мавзуи ин шурут дар дидори Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон бо Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири умури хориҷаи Покистон дар ҳошияи Нишасти Созмони милал дар Ню-Йорк матраҳ шудааст .

Сухангуи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистони афзуд, ин мавзуъ ба сурати расмӣ дар Нишасти чаҳорҷонибаи Афғонистон, Покистон, Чин ва Амрико, ки қарор аст, ин ҳафта дар Масқат, пойтахти Уммон баргузор шавад, матраҳ хоҳад шуд.

Равобити Покистону Афғонистон дар солҳои гузашта ҳамвора гирифтори танишу ихтилофот будааст, аммо ихтилофоти марзӣ ва муттаҳам кардани якдигар ба ҳимоят аз терроризм дар як соли гузашта, танишҳоро байни ду кишвар афзоиш додааст .