Октябр 10, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Фароҳам шудани заминаи хидмати фаромарзии атбои хориҷӣ дар артиши Русия

Раисҷумҳури Русия бо имзои қонуни ҷадиде, заминаи ҳуқуқии хидмати фаромарзии атбои хориҷиро дар маъмуриятҳои артиши ин кишвар фароҳам кард.

Ба нақл аз сайти РБК, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран фармонеро дар мавриди ислоҳот дар қонуни хадамоти низомии ин кишвар имзо кард, ки бар асоси он, атбои хориҷӣ аз ҳуқуқи пайвастан бар асоси қарордод ба артиши ин кишвар бархурдор мешаванд .

Атбои хориҷии пайваста ба артиши Русия дар амалиёти сулҳбонӣ, муқобила бо гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ва ҳифзи амният дар хориҷ аз қаламрави Русия ширкат хоҳанд кард .

Бар асоси ин қонун, атбои хориҷии довталаби хидмат дар артиши Русия метавонанд ба унвони низомиёни қарордодӣ дар маъмуриятҳои хориҷии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ширкат кунанд, аммо аз ҳаққи дарёфти дараҷаи низомии афсарӣ бархурдор нахоҳанд шуд ва танҳо дар симматҳое назири сержант хидмат хоҳанд кард .

Дар ҳоли ҳозир, даҳҳо афсару сарбози тоҷик, ки тобеияти Русияро дарёфт кардаанд, дар артиши ин кишвар хидмат мекунанд .

Ҳамчунин теъдоди зиёде аз мутарҷимони забони арабӣ дар Русия, тоҷикони донишомӯхтаи риштаи забони арабӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки ба ҳамроҳи мушовирони низомии рус дар Сурия ҳузур доранд .

Вазорати дифои Русия номи атбои хориҷиро, ки бар асоси қарордод ба артиши ин кишвар дар Сурия хидмат мекунанд, ифшо намекунад .