Октябр 10, 2017 14:50 Asia/Dushanbe
  • Трамп хатарноктарин раисҷумҳури торихи Амрико

Вазири умури хориҷаи пешини Амрико, Доналд Трампро хатарноктарин раисҷумҳур дар торихи ин кишвар донист.

Ба нақл аз The Daily Beast, Ҳилларӣ Клинтон ҳушдор дод, тамоми ҷаҳон бояд ба хотири раёсатҷумҳурии Доналд Трамп нигарон бошанд .

Ҳилларӣ Клинтон афзуд: Трамп контроле бар рафтори худ надорад .

Вазири умури хориҷаи собиқи Амрико ҳамчунин Трампро кинаҷу ва дорои афкори парешон донист.

Ҳилларӣ Клинтон қабл аз пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико низ ҳамин ҳушдорҳоро дар бораи ӯ дода буд .

Мухолифати Доналд Трамп бо тавофуқи ҳастаии ҷумҳурии исломии Эрон ва қудратҳои бузурги дунё, вокунишҳои тунди бисёре аз сиёсатмадорони амрикоӣ аз ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳро дар пай доштааст .

Қарор аст, Трамп 12 октябри 2017 тасмими худро дар бораи БАРҶОМ ва ҳамчунин роҳбурди ҷомеи давлати худро дар қиболи Эрон эълом кунад .

 

Барчасп