Ҷанги расонаии Русия ва Амрико
Мақомоти Маскав ҳушдор додаанд, ки дар иқдоме ҷавобӣ маҳдудиятҳое барои расонаҳои Амрико дар Русия эҷод хоҳанд кард.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи якшанбе гуфт, Маскав дар вокуниш ба афзоиши фишорҳо бар “Раша Тудей” дар Амрико ҳаққи худ медонад, ки маҳдудиятҳое барои фаъолиятҳои расонаҳои амрикоӣ дар Русия ҷорӣ кунад.
Қонуне дар Русия, ки дар соли 1991 ба тасвиб расид, ба давлати Маскав иҷоза медиҳад, бар расонаҳои кишварҳои хориҷӣ, ки барои расонаҳои русӣ маҳдудият эҷод мекунанд, иқдомоти мутаносиб рӯйи даст гирад.
Дар Вашингтон бархе маҳофили сиёсӣ шабакаи телевизионии “Раша Тудей”-ро ба мудохила дар сиёсати дохилии Амрико муттаҳам кардаанд. Онҳо муътақиданд, ин шабака нақши муҳиме дар пирӯз шудани Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта доштааст.
Аммо шабакаи телевизионии “Раша Тудей” ин иттиҳомотро рад кардаву муътақид аст, ин изҳорот талошҳое дар дохили Амрико барои беэътибор кардани Трамп аст.
Дар моҳи март Думаи Русия тарҳи таҳқиқ дар бораи расонаҳои хабарии Амрикоро тасвиб кард. Бар асоси ин мусавваба, қарор шуд ин масъала мавриди таҳқиқ қарор бигирад, ки оё Си Эн Эн, Садои Амрико, Радиои Аврупои Озод ва дигар расонаҳои хориҷӣ мутобиқи қавонини Русия амал мекунанд ё на?
Дар чанд соли гузашта Русия дар арсаи қудрати нарм талош кардааст, ки фаъолиятҳои расонаии худ дар саросари ҷаҳонро афзоиш додаву фосилаи худро дар низоми итилоърасонӣ бо ҷаҳони Ғарб коҳиш диҳад. Ин иқдоми Русия тасаллути расонаии Ғарбро ба шиддат ба чолиш кашидааст.
Маркази таҳлилии “Мартинз Сентр” дар Шӯрои тасмимгирии Брюссел дар гузорише бо унвони “Хирс бо либоси гӯсфанд” эътироф карда буд, матбуоту расонаҳои Русия, ки муассиртарини онҳо “Спутник”, “Раша Тудей” ва “Российская газета” ҳастанд, нуфузи зиёде бар афкори умумии шаҳрвандони аврупоӣ доранд. Ин эҳсоси нигаронӣ аз нуфузи расонаии Русия ба сатҳи масоили калони сиёсӣ низ расидааст.
Ба эътиқоди нозирони сиёсӣ, аз замони оғози таблиғоти интихоботӣ дар Амрико мақомоти ин кишвар борҳо аз мудохилаи Русия дар интихоботи Амрико бо абзорҳои расонаӣ ибрози нигаронӣ кардаву ба навъе вориди ҷанги расонаӣ бо Русия шудаанд. Дар муқобил расонаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ низ талош мекунанд бо ба роҳ андохтани як ҷанги равонӣ дар Русия, мардуми ин кишварро ба ҳукумату давлати Владимир Путин бадбин кунанд.
Ин ҷанги равонӣ дар Русия тавассути Ғарб дар ду қолаби ҳимоят аз ба истилоҳ созмонҳои ғайридавлатӣ ва истифода аз расонаҳо пайгирӣ мешавад. Ҳадаф аз он низ таҳрику ташвиқи мардуми ин кишвар ба нофармонии маданӣ ва таҳрики мардум барои барпоии тазоҳуроту эътирозот алайҳи давлати Маскав аст.
Ба таври куллӣ ба назар мерасад, Русияву Ғарб дар ҳоли ҳозир ба ҳамон вазъияти ҷанги сард бозгаштаанд, бо ин тафовут, ки дар ҳоли ҳозир муҳимтарин абзори ҷангии онҳо расонаву фазои сойберӣ аст. Албатта, дар канори расонаҳо баҳрагирӣ аз созмонҳои ба истилоҳи мардумӣ ва мутавассил шудан ба таҳримҳои иқтисодиву тиҷорӣ низ муҳимтарин абзорҳои ҷангии даврони ҷадид аст.