Октябр 16, 2017 14:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги эскинос миёни Русия ва Украина

Бонки миллии Украина истифода аз эскиносҳои 200 рублии Русияро мамнуъ кард.

Ба гузориши РИА – Новости, Бонки миллии Украина эълом кард, аз 17-уми октябр ҳар навъ муомилаи молӣ, мубодилоти арзӣ дар сатҳи хурду калони иқтисодӣ бо эскиносҳои 200 рублии Русия мамнуъ аст.

Бонки миллии Украина сабаби аслии мамнуияти истифода аз ин эскиносҳои русиро ҳифзи ҳокимияту тамомияти арзии Украина донист.

Русия ба тозагӣ эскиноси ҷадиди 200 рублиро ба чархаи иқтисодии худ ворид карда, ки нақши нимҷазираи Қрим рӯйи он чоп шудааст.

Ин иқдоми Русия бо мухолифати шадиди давлати Украина рӯбарӯ шудааст.

Украина аз феврали соли 2014 ба саҳнаи даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони шарқии ин кишвар дар пайи кудатои ғарбгароён алайҳи давлати вақт табдил шудааст .

Баргузории ҳамапурсии ҷудоии нимҷазираи Қрим аз Украина ва пайвастани он ба Русия дар соли 2014 ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия низ таниш миёни Русия ва кишварҳои ғарбиро шиддат додааст.

 

Барчасп