Октябр 19, 2017 13:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши маҷлиси Афғонистон ба ҳамалоти ахири Толибон

Раиси Маҷлиси миллии Афғонистон аз давлати Кобул хост, фикре ҷиддӣ ба ҳоли ҳамалоти Толибон кунад.

Ба гузориши ИРНА, Абдурауфи Иброҳимӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, идомаи вазъияти феълӣ ба салоҳи Афғонистон нест ва давлат бояд онро ҷиддӣ дар назар бигирад.

Вай афзуд, ихтилофоти сиёсӣ байни Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон боиси мушкилоти амниятӣ дар кишвар шудааст ва сарони давлати Ваҳдати Миллӣ бояд барои вифоқи сиёсӣ дар Афғонистон талош кунанд.

Раиси маҷлиси Афғонистон зимни интиқод аз масъулиятнопазирии мақомоти амниятии афғон гуфт, азме барои мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва Толибон дар кишвар вуҷуд надорад ва стратежии амниятии давлати Кобул низ мушаххас нест.

Дар ҳамлаи рӯзи сешанбеи Толибон ба фармондеҳӣ ва маркази омӯзишии полис дар шаҳри Гардез, маркази вилояти Пактиё ҳудуди 40 нерӯи полис куштаву наздик ба 200 нафар низ захмӣ шуданд.