Таъкиди Русия бар лузуми нобудии анборҳои силоҳҳои кимиёии Амрико
Русия, ки моҳи пеш тамоми ҷангафзорҳои кимиёии худро нобуд кард, аз Амрико низ хост, ба тааҳҳуди байналмилалии аз байн бурдани ин таслиҳот амал кунад.
Ба гузориши ИТАР-ТАСС, идораи манъи густариши силоҳҳо ва контроли таслиҳоти Вазорати умури хориҷии Русия эълом кард, бештарин таслиҳоти кимиёӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз даврони шӯравӣ ба ин кишвар расида буд, ки Маскав онҳоро нобуд ва пойбандии худро ба тааҳҳудоти байналмилалӣ дар амал нишон дод.
Владимири Путин, раисҷумҳури Русия 29 сентябр эълом кард, Русия охирин ҷангафзорҳои кимиёии худро аз байн бурдааст. Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кардааст, бақияи кишварҳо, аз ҷумла Амрико низ бояд аз Русия пайравӣ кунад.
Амрико дорандаи бузургтарин анбори силоҳҳои кимиёӣ ва анбори силоҳи атомӣ дар ҷаҳон буда, 40-45 дарсад аз 60 ҳазор кулоҳаки ҳастаии мавҷуд дар ҷаҳон дар ихтиёри ин кишвар аст.