Партоби парчами Русия ба самти Трамп дар сохтмони Конгресс
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24919-Партоби_парчами_Русия_ба_самти_Трамп_дар_сохтмони_Конгресс
Раиси ҷумҳурии Амрико дар замони ҳузур дар сохтмони Конгресси ин кишвар бо партоби парчами Русия ба самти худ мувоҷеҳ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2017 15:40 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳурии Амрико дар замони ҳузур дар сохтмони Конгресси ин кишвар бо партоби парчами Русия ба самти худ мувоҷеҳ шуд.

Ба гузориши “Евро- нюз”, Доналд Трамп имрӯз бо ҷамъе аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳ бо ҳадафи ҳусули иҷмоъ дар бораи коҳиши молиёт ҷаласа дошт, ки ҳангоми убур аз яке аз роҳравҳои сохтмони Конгресс бо вокуниши эътирозии яке аз ҳозирон рӯбарӯ шуд.

 Ин фард, ки расонаҳои амрикоӣ аз ӯ бо номи “Брайан Клитон” ва узви гурӯҳе мавсум ба “Амрикоиҳо вориди амал мешаванд” “Аmericans take action” ёд кардаанд, бо партоби чанд парчами Русия ба самти раиси ҷумҳурии Амрико, ӯро хоин хитоб кард.

Клитун, ки билофосила тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт шуд, хитоб ба Доналд Трамп гуфт: “чӣ гуна мехоҳед молиётҳоро коҳиш диҳед, дар сурате, ки бояд дар бораи хиёнат сӯҳбат кунед?”.