Ҳароҷи бузурги рози хушбахтии Эйнштейн
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24923-Ҳароҷи_бузурги_рози_хушбахтии_Эйнштейн
Як ҳароҷӣ эълом кард, ду ёддошт аз Алберт Эйнштейнро, ки худи ӯ ба як постчӣ дар Токио дода буд ва тавсифе аз фарзияи ин физикдони номовар дар бораи рози шод зистан аст, ба қиммати як миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳароҷи бузурги рози хушбахтии Эйнштейн

Як ҳароҷӣ эълом кард, ду ёддошт аз Алберт Эйнштейнро, ки худи ӯ ба як постчӣ дар Токио дода буд ва тавсифе аз фарзияи ин физикдони номовар дар бораи рози шод зистан аст, ба қиммати як миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхтааст.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, баровардҳои пеш аз ҳароҷ маболиғе байни панҷ то ҳашт ҳазор долларро барои фурӯши ин ду ёддошт эълом карда буданд .

Харидори ин ёддошт як аврупоӣ аст, ки хостааст номаш фош нашавад .

Алберти Эйнштейн, физикдони машҳури мутаваллиди Олмон дар сафаре ба Ҷопон дар соли 1922 дар ҳотели империали Токио, ду ёддошт ба як постчӣ дод, ки дар яке аз он ду навишта буд: “Як зиндагии орому маъмулӣ, аз муваффақияти ҳамроҳ бо зиндагии доиман ноором лиззатбахштар аст” ва дар дигаре низ навишта буд, “барои расидан ба ҳар орзуе, роҳе вуҷуд дорад”.

Ин постчии ҷопонӣ ба ҳотели империали Токио рафта буд, то паёме ба Эйнштейн бидиҳад, вале аз қабули инъом худдорӣ карда буд, Эйнштейн низ дар муқобил барои инки постчӣ дасти холӣ аз ҳотел наравад, ду ёддошташро, ки дар Олмон навишта буд, ба ӯ дод .

Ёддошти аввал дар ҳароҷи ахир як миллиону 560 ҳазор доллар ва ёддошти кӯтоҳи дуввум низ 240 ҳазор доллар ба фурӯш рафт .