Октябр 26, 2017 20:16 Asia/Dushanbe
  • Паёми камсобиқаи раҳбари Кореяи Шимолӣ ба раисҷумҳури Чин

Раҳбари Кореяи Шимолӣ интихоби дубораи раисҷумҳури Чинро ба дабири куллии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти ин кишвар табрик гуфт.

Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ эълом кард, Ким Ҷонг Ун бо ирсоли паёме ба Ши Ҷингпинг, интихоби дубораи ӯро ба раёсати дабири куллии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин табрик гуфт ва барои вай орзуи муваффақият кард .

Ин паёми дӯстона аз ҷониби раҳбари Кореяи Шимолӣ дар ҳоле содир шудааст, ки вай ба нудрат паёмҳои шахсӣ мунташир мекунад .

Дар паёми табрики Ун омадааст: Паёми ирсолӣ таъкид мекунад, ки равобити Кореяи Шимолӣ ва Чин дар чорчуби манофеи ду миллат тавсеа меёбад .

Беш аз 90 дарсад аз тиҷорати хориҷии Пхенян бо Чин аст .

Дар нуздаҳумин Конгресси Ҳизби коммунисти Чин, Ши Ҷингпинги раисҷумҳур дуввумин бор ба дабири куллии ҳизби коммунисти ин кишвар барои як давраи панҷсола баргузида шуд .

Ши рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти ҳизби коммунист бар идомаи навсозии низоми мудирият дар Чин, густариши ислоҳот ва тавсеаи ҳамоҳанги он таъкид кард .