Октябр 28, 2017 12:05 Asia/Dushanbe
  • Тафҳими иттиҳомот дар парвандаи табонии эҳтимолии ситоди интихоботии Трамп бо Русия

Роберт Мюллер, додситон вижаи таҳқиқ дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ( 2016), аввалин иттиҳомотро дар парвандаи табони (тавофуқи пинҳонӣ ё созиш) -и эҳтимолии ситоди интихоботии раиси ҷумҳурии Амрико бо Русия матраҳ кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии Си Эн Эн, ба дастури як қозии федерал, ин иттиҳомот муҳру мум шудаанд.

 Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз мушаххас нест, иттиҳомоти Роберт Мюллер чӣ мавзӯоте ҳастанд ва алайҳи чӣ касоне матраҳ шудаанд.

Мақомоти қазоӣ дар Амрико эълом карданд, муттаҳам ё муттаҳамон мумкин аст то рӯзи душанбе боздошт шаванд.

Муддати кӯтоҳе пас аз он ки Трамп Ҷеймз Коми, раиси вақти полиси федерал (FBI) - ро аз симматаш барканор кард, Роберт Мюллер барои таҳқиқ дар бораи иддаоҳои дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 интихоб шуд.

 Мюллер акнун машғули таҳқиқ дар бораи коршикании Трамп дар масири адолат, бо ихроҷи Ҷеймз Коми аст.