Октябр 28, 2017 13:25 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико ба дунболи баҳрабардорӣ аз ҳодисаи Хон Шайхун аст

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, Амрико ба дунболи баҳрабардорӣ аз гузориши муғризонаи Кумитаи таҳқиқи Созмони Милал дар хусуси ҳодисаи Хон Шайхуни Сурия аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин ба созукори таҳқиқи Созмони манъи таслиҳоти кимиёӣ дар хусуси ин ҳодиса эътироз ва эълом кард, ин созмон ҳуқуқи Сурияро ба унвони кишвари узви Конвенсияи манъи таслиҳоти кимиёӣ нақз кардааст.

Сергей Рябоков, муовини вазири умури хориҷаи Русия низ дирӯз гуфт, гузориши ахири Кумитаи таҳқиқи Созмони Милал дар хусуси ҳодисаи Хон Шайхун дорои таноқузоти зиёде аст.

Кумитаи муштараки таҳқиқи Созмони Милал ва Созмони манъи таслиҳоти кимиёӣ рӯзи панҷшанбе дар гузорише муддаӣ шуд, омили ҳодисаи Хон Шайхун давлати Сурия аст.

Дар ҳамлаи кимиёии машкук ба минтақаи Хон Шайхун, дар ҷануби Идлиби Сурия дар чаҳоруми апрел, беш аз сад нафар кушта ва ҳудуди 400 нафар захмӣ шуданд.

 Ҳарчанд меҳвари ғарбӣ -арабии ҳомии террористҳо ба саркардагии Амрико талоши фаровоне кард, ин ҳодисаро ба давлати Сурия нисбат диҳад, аммо Димишқ борҳо қотеона онро рад кардааст.

Бисёре аз коршиносон муттаҳам кардани давлати Сурия ба истифода аз силоҳи кимиёиро талоше барои гумроҳ кардани афкори умумӣ ва воруна кардани воқеиятҳо ба мувозоти пирӯзиҳои ахири артиши Сурия дар муқобили террористҳо унвон мекунанд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, террористҳо борҳо дар Ироқ ва Сурия аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд.