Октябр 29, 2017 15:24 Asia/Dushanbe
  • Феҳристи таҳримҳои нави Амрико зидди Русия

Давлати Амрико номи даҳҳо ширкати русиро, ки дар феҳристи таҳримҳои ҷадид қарор гирифтааст, мунташир кард.

Ба гузориши Deutsche Welle, ширкатҳои амрикоӣ иҷоза надоранд, ки бо ширкатҳои русӣ, ки бештар дар ҳавза тавлиди аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ фаъол ҳастанд, ҳамкории тиҷорӣ дошта бошанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико муддаӣ аст, 39 ширкати русӣ, ки дар феҳристи таҳримӣ қарор гирифтаанд, бо хадамоти иттилоотӣ ва бахшҳои дифоии Русия дар иртибот ҳастанд.

Илова бар ин ширкатҳо, бархе ниҳодҳои Русия низ, ки дар бахшҳои иттилоотӣ ва амниятӣ фаъол ҳастанд дар феҳристи таҳримҳои Амрико қарор доранд, ки хадамоти иттилооти федералӣ, хадамоти иттилооти хориҷӣ ва иттилооти неруҳои мусаллаҳи Русия аз ҷумлаи ин ниҳодҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҳесер Науерт сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико, ин таҳримҳо дар иҷрои қонуни "Муқобила бо нуфузи Русия дар Аврупо ва Авруосиё" мусавваби июли 2017-и Конгресси Амрико ҷорӣ шудааст.

Қонунгузорони Амрико Русияро ба нақш доштан дар буҳрони шарқи Украина ва нуфуз дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016-и Амрико муттаҳам мекунанд; Аммо Маскав ин иттиҳомҳоро рад мекунад.