Октябр 30, 2017 18:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Афғонистон бар таҳрими гурӯҳи Толибон аз сӯи Созмони милал

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал хост, гурӯҳи Толибон ва сарони онҳоро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор диҳад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин дархостро дар дидори худ бо Ғайрат Умаров, раиси ҳайъати эъзомии кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал дар Кобул баён кард .

Вай дар ин дидор хостори изофа шудани Толибон ва Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, дар феҳристи таҳмримҳо ва гурӯҳҳои террористии Созмони милал шуд.

Давлати Афғонистон пас аз эъломи роҳбурди ҷадиди Амрико барои Афғонистон дар талош аст, фишори бештаре бар Толибон ворид шавад, то ин гурӯҳро ба нишастани пушти мизи гуфтугӯҳои сулҳ бо давлат бикашонад .

Толибон токунун бар хилофи фишорҳои сиёсӣ бо афзоиши ҳамалоти худ ба пойгоҳи нерӯҳои афғон ва ворид кардани талафоти сангин, ба ин фишорҳо вокуниши манфӣ нишон додааст .

Рӯзи гузашта Толибон ҳудуди 20 полиси Афғонистонро дар устони Қундуз ва устонҳои шимолии Афғонистон ба зарби гулула кушт .