Майкл Флинн, муттаҳами нахусти парвандаи равобити интихоботии Трамп бо Русия
Мушовири собиқи амнияти миллии Кохи Сафед ба эҳтимоли зиёд аз нахустин муттаҳамони расмии парвандаи равобити Трамп ва наздиконаш бо Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикост.
Ба нақл аз шабакаи хабарии Франс 24, бар асоси таҳқиқи Роберт Мюллер, додситони вижаи Амрико дар бораи иртиботи тими интихоботии Доналд Трамп, раисҷумҳур бо Русия, генерал Майкл Флинн, мушовири собиқи амнияти миллии Кохи Сафед дар радифи нахусти муттаҳамон қарор дорад .
Флинн ба иллати сафаре, ки тамомии ҳазинаҳои онро як шабакаи телевизионии Русия пардохт карда ва низ тамосҳои мукаррараш бо фиристодагони Кремлин, қабл, ҳайн ва пас аз рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико, ба эҳтимоли зиёд аз нахустин муттаҳамони расмии ин парванда аст .
Гуфта мешавад, ин муттаҳамон имрӯз таҳти пайгард қарор мегиранд .
Маъмурони ожонсҳои иттилоотии Амрико аз январи гузашта ба таҳқиқи расмӣ дар бораи моҷарои равобити тими интихоботии Трамп бо Русия пардохтанд .