Ассанҷ: Дар Русия паноҳанда намешавам
Бунёнгузори вебсайти ифшогари “Викиликс” эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба шароити сиёсии кунунӣ аз Русия дархости паноҳандагӣ нахоҳад кард.
Ба гузориши “Спутник”, Ҷулиан Ассанҷ, бунёнгузори вебсайти ифшогари “Викиликс” гуфт, эҳтимоли дархости паноҳандагӣ аз Русияро баррасӣ карда, аммо бинобар он ки мумкин буд, расонаҳои ғарбӣ аз ин тасмим алайҳи ӯ истифода кунанд, аз он сарфи назар кард. Ассанҷ афзуд, бо вуҷуди ин ки бо Эдвард Сноуден, паймонкори собиқи Ожонси амнияти миллии Амрико, ки аз Русия муҷаввизи иқомат гирифта, дидгоҳҳои муштараке дорад, аммо тасмим гирифтааст, дар кишваре чун Эквадор иқомат дошта бошад, ки мухолифи сиёсии Ғарб нест.
Эдвард Сноуден бо ифшои асноди маҳрамона аз ҷосусиҳои густурдаи Созмони амнияти миллии Амрико парда бардошт ва ба дунболи он дар Русия паноҳанда шуд.
Ҷулиан Ассанҷ ҳамчунин иддаоҳо дар бораи иртиботаш бо Ҳукумати Русия ва низ талошҳои ин кишвар алайҳи Ҳиллари Клинтон, номзади шикастхӯрдаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро дар соли 2016 рад кард. Ассанҷ, ки аз соли 2012 ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурдааст, ибрози умедворӣ кард, то рӯзе битавонад озодона ин сафоратхонаро тарк кунад. Ӯ аз соли 2010 то кунун бисёре аз иттилооти маҳрамона ва асрори дипломатию низомии Амрикоро фош кардааст.