Ноябр 02, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба намояндагони Маҷлиси Афғонистон раводид намедиҳад

Сафорати Амрико дар Кобул судури раводиди ин кишварро барои намояндагони Маҷлиси Афғонистон мутаваққиф кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо аз Кобул, сафорати Амрико дар Кобул муддаӣ шудааст, намояндагони Маҷлиси Афғонистон аз раводиди Амрико сӯиистифода мекунанд ва ба ҳамин иллат судури раводиди Амрико барои намояндагони афғон басурати доимӣ мутаваққиф шудааст .

Гузоришҳои тайиднашуда ҳокӣ аз он аст, ки бархе намояндагони Маҷлиси Афғонистон бо истифода аз раводиди Амрико, хонаводаҳои худро ба он кишвари бурданду сипас ғайриқонунӣ вориди Канада шуданд .

Ҳануз Маҷлиси Афғонистон дар ин бора вокуниш нишон надодааст .