Афзоиши баҳои нафт ба болотарин сатҳ дар ду соли гузашта
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25172
Баҳои нафт рӯзи ҷумъа дар бозори Ню-Йорк ба болотарин сатҳ дар ду соли гузашта расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 04, 2017 14:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши баҳои нафт ба болотарин сатҳ дар ду соли гузашта

Баҳои нафт рӯзи ҷумъа дар бозори Ню-Йорк ба болотарин сатҳ дар ду соли гузашта расид.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, қимати ҳар бушка нафти хом дар бозори муомилоти рӯзи ҷумъаи Ню-Йорк барои таҳвил дар моҳи декабр бо як доллару 10 сент афзоиш ба 55 доллару 64 сент расид, ки дар ду соли гузашта камсобиқа аст.

Баҳои нафти хом дар як ҳафтаи гузашта бо афзоиши 3. 22 дарсадӣ рӯбарӯ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, баҳои нафти хом рӯзи ҷумъа таҳти таъсири коҳиши қобили тавваҷуҳи чоҳҳои ҳаффории фаъоли Амрико қарор гирифт.

Теъдоди чоҳҳои фаъоли Амрико аз 737 ба 729 ҳалқа коҳиш ёфт, ки аз коҳиши тавлиди ин кишвар дар кӯтоҳмуддат ҳикоят дорад.