Август 17, 2016 19:39 Asia/Dushanbe

Теъдоди зиёди террористҳо дар ҷанги вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистон хориҷӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон аз Кобул, Ҳаётуллоҳи Ҳаёт - волии Ҳилманд эълом кард, садҳо нафар террористҳои хориҷӣ аз Покистон, Чеченистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон дар ҷанги Ҳилманд дар канори Толибон ҳузур доранд.

Муҳаммадҳакими Ангор - фармондеҳи нерӯҳои полис дар вилояти Ҳилманд низ бо ишора ба кумаки шуморе аз низомиён ва генералҳои покистонӣ ба афроди Толибон дар ин вилоят гуфт, дар ҷанги Ҳилманд шуморе аз нерӯҳо ва генералҳои покистонӣ низ кушта шудаанд.

Даргирӣ миёни нерӯҳои афғон ва афроди Толибон, аз наздик ба як ҳафтаи пеш то кунун, дар шаҳристонҳои Гармсер ва Нова аз тавобеи Ҳилманд ба шиддат идома дорад.

Дар рӯзҳои охир 30 ҳазор нафар аз мардуми Ҳилманд аз хонаҳои худ овора шудаанд ва вазъияти муносибе дар ин вилоят ҳоким нест.