Ноябр 08, 2017 12:39 Asia/Dushanbe
  • Тамоюл надоштани давлати Русия ба баргузории маросими Солгарди инқилоби коммунистӣ

Мақомоти Русия тамоюли чандоне ба бузургдошти садумин солгарди инқилоби болшевикии соли 1917-и ин кишвар, ки оғозгари ҳокимияти ҳафтодсолаи коммунизм бар Русия маҳсуб мешавад, нишон надодаанд ва сирфан маросиме маҳдуд бо ҳузури мақомоти на чандон матраҳ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Маскав, Русия дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди ҳамла ба фаъолони мухолиф ва баргузоркунандагони маросими Солгарди инқилоби Русия будааст ва чунин гирдиҳамоиҳое бо калидвожаи “субот”, ки ба такрор дар суҳбатҳои Владимир Путин дида мешавад, ҳамхонӣ надорад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, давлати Русия ҳеч гуна маросиме барои бузургдошти инқилоби соли 1917 баргузор намекунад.

Расонаҳои Русия низ вокунише тавъам бо сардаргумӣ ба ин масъала доштанд ва як рӯзномаи тарафдори давлати кунунии ин кишвар дар сафҳаи нахусти худ навишт: “Ҷашни азим ё трагедияи бузург?”.

Ин дар ҳолест, ки чандин ҳазор нафар аз ҳаводорони Ҳизби коммунисти Русия, ки ҳамчунон бузургтарин ҳизби мухолифи парлумонии ин кишвар ба шумор меравад, бо дар даст доштани парчамҳои сурхи Шӯравӣ ва тасовире аз Ленин - раҳбари инқилоби ин кишвар дар маркази Маскав роҳпаймоӣ карданд.

Дар миёни ҳомиёни Ҳизби коммунист бархе чеҳраҳо аз Италия, Колумбия ва дигар кишварҳо низ дида мешуданд.

Маросими Солгарди инқилоби коммунистии Русия охирин рӯйдоди бузург дар ин кишвар пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли оянда аст, ки интизор меравад Путин пирӯзи он шавад.