Дидори сарони Русия ва Қазоқистон ва имзои чанд санади ҳамкорӣ
(last modified 2017-11-11T06:20:58+00:00 )
Ноябр 11, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарони Русия ва Қазоқистон ва имзои чанд санади ҳамкорӣ

Раисони ҷумҳурии Русия ва Қазоқистон бо ҳам дидор ва дар масоили дуҷониба ва минтақаӣ чанд санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дидори рӯзи ҷумъаи Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар чорчӯби нишасти чаҳордаҳумин Анҷумани ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар дар вилояти Челябински Русия анҷом шуд.

Путин ва Назарбоев дар ин дидор ҳамчунин чанд тавофуқнома ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла баёнияи муштарак ба муносибати биступанҷумин солгарди барқарории равобити дипломатии Маскав ва Остона имзо ва мунташир карданд.