Ноябр 11, 2017 19:08 Asia/Dushanbe
  • Таркиш дар як пойгоҳи низомии Русия

Вазорати дифои Русия аз таркиш дар як пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Сибири ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, бар асари таркиш дар анбори муҳиммоти пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Сибир, ду низомии рус кушта ва чаҳор низомии дигар захмӣ шуданд.

 Ин таркиш дар амалиёти поксозии муҳиммот дар пойгоҳи низомӣ дар вилояти Забайкалскъй рух дод.

 Вазорати дифои Русия таъкид кард: Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқ дар бораи ин таркишро оғоз кард ва бозрасони он қарор аст ба маҳалли ҳодиса бираванд.