Ноябр 11, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раҳбари ҳизби Муҳози миллии Афғонистон аз давлати Ашраф Ғанӣ

Раиси ҳизби Муҳози миллии Афғонистон аз сиёсатҳои нокоромади давлати Ашраф Ғанӣ интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҳомид Гилонӣ дар Кобул, сиёсатҳои давлатро нокоромад донист ва гуфт, давлат бояд эътимоди мардумро дубора касб кунад.

Вай афзуд, бояд интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ шаффоф ва одилона баргузор шавад, зеро интихоботи ғайри шаффоф ва ношӣ аз тақаллуб, пазируфтанӣ нахоҳад буд.

Ҳомид Гилонӣ тасреҳ кард, баргузории Луиҷирга, суннати корсоз нест; Зеро ҷанги Афғонистон қавмӣ нест ва буҳрони ин кишвар абъоди минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Ахиран теъдоде аз намояндагони маҷлиси Афғонистон дар нишасте дар Кобул, баргузории Луиҷиргаи суннатӣ барои ҳалли буҳрони ҷорӣ дар ин кишварро хостор шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон, давлатро ба талош барои муҳандисии интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ муттаҳам мекунанд ва хостори инҳилоли Комиссияи интихоботи Афғонистон шудаанд.