Ноябр 13, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди нахуствазири Русия аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико

Нахуствазири Русия аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Маскав интиқод кард.

Ба нақл аз Спутник, Дмитрий Медведев гуфт, таҳримҳо ба абзоре барои эъмоли фишори Кохи Сафед бар кишварҳои мухолифи сиёсатҳои Вашингтон табдил шудааст .

Ӯ бо таъкид бар инки ин таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар бозори тиҷорати ҷаҳонӣ асари манфӣ гузоштааст, гуфт: Намунаҳое аз ин сиёсатҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрону Русияро метавон мушоҳида кард .

Ба гуфтаи нахуствазири Русия, Амрико дар раъси кишварҳои таҳримкунандаи ҷаҳон қарор дорад ва нахустин таҳримҳоро шаш даҳаи пеш алайҳи Куба вазъ кард, ки токунун идома доштааст .

Доналд Трамп августи 2017 мусаввабаи вазъи таҳримҳои ҷадиди зидди Русияро имзо кард, ки ин таҳримҳо ба вижа бахши энержии ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад .