Муборизаи мусаллаҳонаи мардуми шарқи Афғонистон бо ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25607-Муборизаи_мусаллаҳонаи_мардуми_шарқи_Афғонистон_бо_ДИИШ
Мардуми вилояти Кунар, шарқи Афғонистон бо ба даст гирифтани силоҳ ба муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ бархостаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 20, 2017 15:36 Asia/Dushanbe
  • Муборизаи мусаллаҳонаи мардуми шарқи Афғонистон бо ДИИШ

Мардуми вилояти Кунар, шарқи Афғонистон бо ба даст гирифтани силоҳ ба муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ бархостаанд.

Дафатри матбуоти фармондеҳи нерӯҳои Артиши миллии Афғонистон дар шарқи ин кишвар эълом кард, аҳолии вулусволии Чавкайи вилояти Кунар бо аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин ноҳия даргир шуданд, ки бар асари ин даргирӣ се узви ин гурӯҳ ба ҳалокат расид ва ду нафари дигар аз онҳо дастгир шуд. Дар ин даргирӣ ба нерӯҳои афғон осебе нарасидааст.

Афғонистон дар ҳудуди ду қарни ахир бо ишғоли мутаҷовизин ва абарқудратҳои вақт, чун Англия, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва эҷоди ҷанги дохилӣ аз сӯи муздурону душманони Афғонистон рӯ ба рӯ будааст, аммо мардуми ин кишвар бо ба даст гирифтани силоҳ ба майдон омада, дар ҳама ҷабҳаҳо пирӯз шудаанд. Яке аз муҳимтарин сабабҳои муваффақияти мардуми Афғонистон дар ин ҷангҳо рӯҳияи бегонаситезии шадиди онон аст, ки то кунун иҷоза надодаанд, ҳеҷ бегонае дар ин кишвар реша биандозад. Акнун низ, ки Артиши миллии Афғонистон бо ҷанг бо Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷабҳаҳои мухталиф даргир аст, вуруди нерӯҳои мардумӣ ба арсаи муқобила бо ин гурӯҳ, бидуни шак, арсаро барои фаъолияти душманони мардуми Афғонистон беш аз пеш танг мекунад.

Аҳмадзиё Масъуд, намояндаи қаблии раисҷумҳури Афғонистон дар умури ислоҳоту ҳукуматдории хуб мегӯяд: "Вилоятҳои шарқӣ дар тамоми арсаҳо аз давлати марказӣ ҳимоят карда ва дар ҳоли ҳозир низ ҳамсӯ бо давлат ҳастанд. Бузургони вилоёти шарқӣ фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ-ро нигаронкунанда медонанд. Аз ин рӯ, вазифаи худ медонанд, ки дар баробари терроризму тавтеаҳои террористӣ даст ба кор шаванд".

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки гурӯҳи террористии ДИИШ умдатан дар шарқи Афғонистон мустақар аст, муқобилаи ҳамаҷониба бо он зарурати иҷтинобнопазир аст, то он натавонад дар ин манотиқ реша бидавонад ва онро ба пойгоҳи худ дар ин кишвар табдил кунад. Маҳофили мухталиф дар Афғонистон зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишварро ҳаракати ҳисобшуда барои тадовуми ноамнӣ ва буҳрон талаққӣ мекунанд ва бар ин эътиқоданд, душманони мардуми Афғонистон дар садади табдили ин кишвар ба пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд, ки дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли аз байн рафтан аст ва дар сададанд, нерӯҳои ин гурӯҳи террористиро барои сомондеҳӣ ба Афғонистон эъзом кунанд.

Ҳасиб Сиддиқӣ, коршиноси масоили амниятӣ дар Афғонистон мегӯяд, ДИИШ дар Афғонистон пойгоҳи суннатӣ, иҷтимоию идеологӣ надорад ва мубориза бо афроде, ки бо ин гурӯҳ эъломи вафодорӣ мекунанд, ба шевае ки давлату мардуми ин кишвар дар пеш гирифтаанд, яъне фалаҷ кардани бозӯҳои тасмимгирӣ, конунҳои фикрӣ, ҳастаҳои тасмимсозӣ, тамаркуз ва муҳраҳои радифи аввали ДИИШ комилан муассир хоҳад буд.

Ба ҳар ҳол, тардиде нест, гурӯҳи террористи ДИИШ гурӯҳи байналамилалӣ аст, ки аҳдофи фаромиллиро дунбол мекунад, бинобар ин муқобила бо он дар танҳоӣ аз уҳдаи давлату мардуми Афғонистон хориҷ аст ва ҳамкориҳои ҷомеи минтақаию байналмилалиро барои нобудии комили он металабад. Бо ин ҳол, мардуми Афғонистон бо вуруд ба арсаи муқобила бо ДИИШ нишон додаанд, ки ин гурӯҳ ҳеҷ ҷойгоҳе дар ин кишвар надорад ва ҳама гурӯҳҳои миллию мардумӣ монанди гузашта террористу душманони мардуми Афғонистонро нобуд хоҳанд кард.