Ноябр 20, 2017 19:57 Asia/Dushanbe
  • Кашфи анбори бузурги силоҳу муҳимот дар ҷануби шарқи Афғонистон

Нерӯҳои амниятии афғон як анбори бузурги силоҳу муҳимоти гурӯҳи террористии Ҳаққониро дар шаҳристони Самканӣ дар устони Пактиа, ҷануби шарқи Афғонистон кашф карданд.

Бар асоси баёнияи дафтари матбуотии идораи амнияти миллии Афғонистон, ин маҳмулаи бузурги муҳимот аз хоки Покистон мунтақил шуда буд ва қарор буд, аз он барои анҷоми ҳамалоти террористӣ истифода шавад .

Устонҳои ҷануби шарқи Афғонистон, ки бо Покистон марзи муштарак дорад, аз манотиқи таҳти контроли аъзои гурӯҳи Ҳаққонӣ маҳсуб мешавад .

Пеш аз ин ҳам идораи амнияти миллии Афғонистон аз кашфу забти анбори маводи мунфаҷира ва силоҳ дар шаҳри Кобул, пойтахти ин кишвар хабар дод .

Бар асоси баёнияи идораи амнияти миллии Афғонистон, қарор буд, аз ин анбор маводи мунфаҷира ва силоҳи мутааллиқ ба гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ барои ҳамалоти инфиҷорӣ дар шаҳри Кобул истифода шавад .