Ноябр 24, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши мушаки ҷадиди вижаи сомонаи падофанди мушакии Русия

Русия як мушаки ҷадиди вижаи сомонаи падофанди мушакиро озмоиш карда, ки қодир аст, аҳдофро то панҷ километр мавриди исобат қарор диҳад.

Ба гузориши “Российская газета”, Вазорати дифои ин кишвар эълом кард, мушаки ҷадиди вижаи сомонаи падофанди мушакии муҷаҳҳаз ба муҳимоти ҷангӣ имрӯз партоб шуд. Ин мушак аз сӯйи нерӯи падофанди ҳавоӣ ва фазоии Русия бо ҳузури намояндагони ширкати созандаи он дар маҳдудаи низомии “Сари шағон” (маҳдудаи низомии таҳти контроли Русия)-и Қазоқистон партоб шуд.

Андрей Преходко, муовини нерӯи падофанди мушакии Русия партоби ин мушакро, ки "53 ТИ-6" ном дорад, хуб арзёбӣ карда афзуд, ин мушак то шаш соли оянда мавриди истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарор хоҳад гирифт.