Ихроҷи духтару домоди раисҷумҳури Амрико аз Кохи Сафед
Раисҷумҳури Амрико ба иллати машваратҳои сиёсии нокоромади Ҷаред Кушнер, домодаш аз вай ва Иванка, духтараш хост, ки бо тарки Кохи Сафед ба хонаи худ дар Ню-Йорк бираванд.
Ба гузориши маҷаллаи “Vanity Fair”, пеш аз ин низ Трамп салоҳияти Кушнерро маҳдуд карда буд. Бар асоси ин гузориш, аз ҷумла машваратҳои Кушнер ба Трамп ҷиҳати ҳимоят аз Лутер Стурҷеон дар марҳалаи нахусти интихоботи миёндавраии Сенат дар иёлати Алабама буд, ки ӯ дар баробари Рой Мур, қозии собиқ шикаст хӯрд.
Кушнер ва Иванка Трамп дар айни ҳол аз муҳимтарин чеҳраҳои муртабит ба парвандаи дахолати иддаоии Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ҳастанд; мавзӯе, ки худ иллати дигаре барои фишори Трамп барои канорагирии онҳо аз фаъолиятҳои давлатӣ аст. Пеш аз ин низ расонаҳо аз дархости вукалои Трамп барои барканории Кушнер аз симмати мушовири аршади раисҷумҳури Амрико хабар дода буданд. Гуфта мешавад, Кушнер дар рақобатҳои интихоботӣ дидоре бо як вакили рус барои дарёфти иттилоот дар бораи Ҳиллари Клинтон, рақиби интихоботии Трамп доштааст.