Ҳимояти аврупоиҳо аз беҳбуди равобит бо Русия
(last modified 2017-11-24T13:26:52+00:00 )
Ноябр 24, 2017 18:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти аврупоиҳо аз беҳбуди равобит бо Русия

Натоиҷи назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, бештари аврупоиҳо аз беҳбуди равобит бо Русия ҳимоят мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, муассисаи фаронсавии IFOP ба дархости ин хабаргузорӣ бо 3 228 фарди 18-сола ё болотар аз 18 дар Бритониё, Фаронса, Олмон ва Лаҳистон мусоҳиба кард. Ин назарсанҷӣ ба манзури санҷидани рӯйкарди аврупоиҳо дар қиболи робитаи Иттиҳоди Аврупо ва Русия анҷом шуд, ки натоиҷ нишон дод, бештари бритониёиҳо, олмониҳо, фаронсавиҳо ва лаҳистониҳо хостори равобити беҳтар бо Маскав ҳастанд.

Бо ташдиди буҳрон дар шарқи Украина ва густариши даргириҳо, ки ба эъмоли таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия мунҷар шуд, Маскав низ иқдомоти мутақобилеро анҷом дод.