Русия шумораи квотаҳо ба хориҷиҳоро коҳиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25931-Русия_шумораи_квотаҳо_ба_хориҷиҳоро_коҳиш_медиҳад
Теъдоди саҳмияҳо (квота) барои гирифтани муҷаввизи иқомати муваққат дар Русия, дар соли 2018 коҳиш хоҳад ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 26, 2017 09:28 Asia/Dushanbe
  • Русия шумораи квотаҳо ба хориҷиҳоро коҳиш медиҳад

Теъдоди саҳмияҳо (квота) барои гирифтани муҷаввизи иқомати муваққат дар Русия, дар соли 2018 коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши дафтари матбуотии нахуствазири Русия, бар асоси дастури Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси фоқиди шаҳрвандӣ дар соли 2018, дар маҷмӯъ 90 ҳазору 360 саҳмия ихтисос хоҳад ёфт.

Таъйини ин миқдор, ки 19 ҳазору 800 саҳмия камтар аз соли қабл аст, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти иқтисодӣ ва муҳоҷиратӣ дар манотиқи мухталифи кишвари Русия иттихоз шудааст.

Пештар низ маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав дар ҷаласае дар 25 октябр, тарҳи афзоиши ҳафт дарсадии арзиши муҷаввиз корро тасвиб кард.

Бо ин вазъият аз ин пас муҳоҷирони корӣ барои дарёфти муҷаввизи кор дар шаҳри Маскав, бояд моҳона  4ҳазору ва 500 рубл пардохт кунанд.

Ин иқдом ба пешниҳоди Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав сурат гирифтааст.

Мақомоти расмӣ дар Русия, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонии дорои муҷаввизи кор дар ин кишварро як миллион нафар эълом мекунанд.

Аммо созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ мегӯянд, бо муҳосибаи коргарони бидуни муҷаввиз дар Русия, теъдоди ин афрод беш аз 2 миллион нафар аст.