Ноябр 30, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Русия дархости Амрико барои қатъи равобит бо Кореяи Шимолиро рад кард

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, Маскав дархости Вашингтон барои қатъи равобити дипломатӣ бо Пхенянро рад кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, Сергей Лавров имрӯз (панҷшанбе) дар Мински Беларус ба хабарнигорон гуфт, пас аз озмоиши мушаки баллистики қорапаймои Кореяи Шимолӣ, Маскав дархости Вашингтон барои қатъи равобити дипломатӣ ва тиҷорӣ бо Кореяи Шимолиро напазируфт.

Ӯ бо баёни ин ки давраи эъмоли фишор ва таҳримҳо басар омадааст, тасреҳ кард, дар тамоми қатъномаҳое, ки дар бораи эъмоли таҳримҳо бар зидди Кореяи Шимолӣ тасвиб шуд, бар аз саргирии раванди сиёсӣ ва бозгашт ба гуфтугӯҳо таъкид шудааст.