Декабр 03, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • Русия як моҳвораи низомӣ ба фазо партоб кард

Русия як моҳвораи низомиро ба фазо партоб кард ва бо муваффақият дар мадори замин қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, ин моҳвораи низомӣ бо мушаки моҳворабари “Союз-2.1” аз пойгоҳи низомии Плесетск, дар шимолу ғарби Русия ба фазо партоб шуд.

Дар ин баёния партоби моҳвора мутобиқи барнома ва муваффақиятомез эълом шуда ва омада, Созмони фазоии Русия моҳвораро таҳти контрол даровардааст.

Русия сешанбеи гузашта низ 19 моҳвораи мутааллиқ ба худ ва чанд кишвари дигарро бо як мушаки моҳворабари “Союз” аз пойгоҳи фазоии тозатаъсиси “Восточний”-и ин кишвар ба фазо партоб кард, ки бо суқути моҳворабар, ҳамаи ин моҳвораҳо дар уқёнус ғарқ шуданд.  

Русия ҳудуди 100 моҳвора дар мадори замин дорад, ки ниме аз ин моҳвораҳо фаъол ҳастанд.