Додани шаҳрвандии Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ
(last modified Mon, 04 Dec 2017 05:33:23 GMT )
Декабр 04, 2017 10:33 Asia/Dushanbe
  • Додани шаҳрвандии Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ

Мақомоти вилояти нафтхези Тюмен дар минтақаи Сибири Русия барномаеро рӯнамоӣ кардаанд, ки имкони дарёфти осони тобеияти русӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла тоҷиконро фароҳам месозад.

 

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, бар асоси барномае мавсум ба “Мусоидат ба муҳоҷирати довталабонаи ҳаммеҳанон ба вилояти Тюмен”, акнун донишҷӯёни хориҷӣ низ метавонанд пас аз поёни давраи донишомӯхтагӣ аз донишгоҳҳои ин минтақа, барои иқомат ва кор дар ин вилоят бимонанд ва тобеияти Русияро касб кунанд.

Пас аз рӯнамоӣ аз ин барнома то ба ҳол 17 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла 9 шаҳрванди Тоҷикистон барои истифода аз ин имтиёз ва дарёфти тобеияти Русия дархост додаанд.

Ба гуфтаи холнум Аксана Белова, сухангӯи Идора кор ва умури иҷтимоии вилояти Тюмен дар ҳоли ҳозир ин барнома барои 300 нафар аз донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои ин минтақа муаррифӣ шуда, ки бо истиқболи ин афрод рӯбарӯ шудааст.

Мақомоти Идораи маориф ва улуми вилояти Тюмен гуфтаанд, ки 400 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои ин минтақа дар риштаҳои нафт ва газ, сохтмонсозӣ ва меъморӣ машғули таҳсил ҳастанд.

Вилояти Тюмен нахустин минтақа дар Русия аст, ки барои эътои тобеият ба донишҷӯёни хориҷӣ иқдом кардааст.

Бар асоси гузориши сафорати Русия дар Душанбе, дар ҳоли ҳозир беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар ба таҳсил улум машғул ҳастанд ва ҳар сол 4 ҳазор ҷавони тоҷик барои касби улум ба ин кишвар мераванд.