Русия нуҳ расонаи амрикоиро ҷосус муаррифӣ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i26405-Русия_нуҳ_расонаи_амрикоиро_ҷосус_муаррифӣ_кард
Вазорати адлияи Русия нуҳ расонаи амрикоӣ, аз ҷумла “Садои Амрико”-ро омили бегона муаррифӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 05, 2017 15:36 Asia/Dushanbe
  • Русия нуҳ расонаи амрикоиро ҷосус муаррифӣ кард

Вазорати адлияи Русия нуҳ расонаи амрикоӣ, аз ҷумла “Садои Амрико”-ро омили бегона муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки ба дастгоҳи қазоии ин кишвар иҷоза медиҳад, бархе расонаҳоро зер номи "ҷосус" табақабандӣ кунад.

Радиоҳои “Садои Амрико” ва “Аврупои озод”, ки таъмини молии онҳо ба уҳдаи Конгресси Амрико аст, ҳамроҳи ҳафт расонаи дигари вобаста ба ду радиои зикршуда аз тарафи Вазорати адлияи Русия ба унвони расонаҳое, ки кори ҷосусӣ анҷом медиҳанд, муаррифӣ шудаанд. Маҷлиси намояндагони Русия пештар лоиҳаеро тасвиб карда буд, ки ба давлат иҷоза медиҳад, ҳар расонаи хориҷиро, ки манбаи молии он хориҷ аз Русия аст, ба унвони омили бегона бишносад.

Ин иқдом дар ҳолест, ки авохири ноябр шабакаи “Раша Тудэй”-и Русия дар Амрико ба дархости Вазорати адлияи ин кишвар ва ба мӯҷиби Қонуни сабти ҷосусони хориҷӣ расман ба унвони ҷосуси хориҷӣ дар Амрико эълом шуд. Давлати Амрико расонаҳои русӣ, бавижа “Раша тудэй” ва “Спутник”-ро муттаҳам кардааст, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузаштаи Амрико талош кардаанд, ба афкори умум таъсир бигузоранд ва раванди интихоботро тағйир диҳанд, аммо Маскав ин иттиҳомотро рад ва мақомоти Амрикоро ба бадрафторӣ бо расонаҳои русӣ муттаҳам кардааст.