Декабр 07, 2017 21:26 Asia/Dushanbe
  • Идомаи вокунишҳои ҷаҳонӣ ба тасмими Трамп зидди муқаддасоти исломӣ

Вокунишҳои шадид ба тасмими Трамп барои ба расмият шинохтани Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, дар ҷаҳони Ислом ва дигар кишварҳо идома дорад.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, мақомҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва низомӣ ҳамчунон эъломи интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро маҳкум мекунанд.

Фардо дар Эрон пас аз намози ҷумъа, роҳпаймоии бузурги зидди амрикоӣ ва зидди саҳюнистӣ баргузор мешавад.

Шӯрои ҳамоҳангии Созмони таблиғоти исломии Эрон аз ҷаҳони Ислом ва уммати бузурги Расулуллоҳ (с) даъват кард, то ҳама як садову ҳамгом ва ҳамроҳ бо мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин, иқдоми Трампро маҳкум кунанд.

Салоҳ Аз Завовӣ, сафири Фаластин дар Теҳрон ҳам имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, шоҳиди як муҳоҷирати баракс аз сарзаминҳои ишғолӣ ба хориҷ ҳастем ва проекти тағйири пойтахти режими саҳюнистӣ, аз байн рафтанӣ аст.

Аз Завовӣ афзуд, изҳороти Доналд Трамп нишон дод ваъдаҳои Трамп дар бораи ҳалли масъалаи Фаластин, дурӯғе беш набудааст.

Вай аз мавзеъгирии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва дигар мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи масъалаи Фаластин қадрдонӣ кард.

Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ низ муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва тасмим барои интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудсро маҳкум кард.

Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон низ тасмими Трампро хатарноктарин ва бадтарин тасмиме тавсиф кард, ки давлатҳои Амрико то ба имрӯз гирифтаанд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, муқовимат танҳо роҳи ба даст овардани ҳаққ аст ва тасмими давлати Амрико ҳар фурсате барои музокираро аз миён мебарад.

Дафтари Башор Асад -раисиҷумҳури Сурия, шаҳри Қудсро пойтахти кишвари мустақил ва ояндаи Фаластин хонд ва таъкид кард, масъалаи Фаластин дар виҷдони миллатҳои араб зинда ва ҷовдон боқӣ хоҳад монд, то кишвари мустақили Фаластин бо марказияти шаҳри Қудс ташкил шавад.

Файсал Ал Миқдод, муовини вазири хориҷаи Сурия ҳам ҳамроҳии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форсро бо тавтеачинии зидди Фаластин, омили аслии ташвиқи давлати Трамп барои интиқоли сафорати Амрико ба Қудс донист.