Баррасии дархости афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия
(last modified Mon, 11 Dec 2017 06:16:07 GMT )
Декабр 11, 2017 11:16 Asia/Dushanbe
  • Баррасии дархости афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия, вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар аз баррасии тарҳи афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ хабар додааст.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Михаил Федотов гуфтааст, ки ин тарҳро созмонҳои дидабони ҳуқуқи башар ва бавижа мудофеони ҳуқуқи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ироа карда буданд ва акнун аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари Русия дар ҳоли баррасии он ҳастанд.

Федотов мӯътақид аст, дар сурати тасвиби ин тарҳ заминаи афви теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели нақзи муқаррароти иқомат ва кор аз қаламрави Русия ихроҷ ва аз ҳаққи вуруди дубора ба ин кишвар маҳрум шуда буданд, фароҳам хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон афви 370 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишварро аз Русия дархост карда буд, аммо мақомоти рус баҳори имсол ҳукми мамнуъияти вуруди 106 ҳазор шаҳрванди тоҷикистониро лағв карданд.

Ин афв танҳо шомили афроде мешуд, ки ба далели нақзи муқаррароти иқомат ва кор аз қаламрави Русия ба муддати се сол ихроҷ шуда буданд ва шаҳрвандони тоҷикистоние, ки ба далели нақзи муқаррарот иқомат ва кор ихроҷ ва ба муддати панҷ сол аз ҳаққи вуруди дубора ба Русия маҳрум шуда буданд, шомили афв нашуданд.

Ҳамакнун беш аз як миллион коргар муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд ва ҳамасола беш аз 600 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар баҳор, барои кори мавсимӣ ба Русия мераванд ва бо сард шудани ҳаво ба Тоҷикистон бармегарданд.