Хунсо шудани як ҳамлаи террористӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i26745-Хунсо_шудани_як_ҳамлаи_террористӣ_дар_Русия
Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия аз хунсо шудани як ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 12, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
  • Хунсо шудани як ҳамлаи террористӣ дар Русия

Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия аз хунсо шудани як ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, Александр Бортников, раиси Кумитаи зиддитеррористӣ ва раиси Созмони амнияти федералии Русия гуфт, маъмурони Созмони амнияти федералии Русия як гурӯҳи харобкорро, ки қасди иҷрои амалиёти террористӣ дар давраи корзори интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар доштанд, шиносоӣ ва пароканда карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи террористӣ муташаккил аз чанд нафар аз шаҳрвандони як кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи душанбе дар минтақае дар вилояти Маскав ба дасти нерӯҳои амниятии Русия боздошт шуданд. Аз хонаи ин афрод маводи мунфаҷира, силоҳи гарм ва муҳимот ба даст омада, Созмони амнияти федералӣ ҳамчунин як маркази тавлиди маводи мунфаҷираи мутааллиқ ба ин гурӯҳро кашф кард.

Бортников гуфт, созмонҳои амниятии Русия аз оғози соли 2017 то кунун 56 маркази террористиро дар Русия шиносоӣ карда, монеи фаъолияти террористҳои узви ин конунҳо шудаанд. Ин мақоми рус афзуд, Созмони амнияти федералии Русия дар ин муддат 78 террорист ва ҳамдастони онҳоро кушта ва беш аз ҳазор табаҳкори террористро боздошт кардааст.