Ҳимояти Амрико аз ДИИШ дар Афғонистон
(last modified 2017-12-15T14:59:54+00:00 )
Декабр 15, 2017 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Амрико аз ДИИШ дар Афғонистон

Намояндаи Нангарҳор дар парлумони Афғонистон гуфт, аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи ин кишвар аз пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар ин вилоят созмондиҳӣ ва ҳимоят мешаванд.

Лутфуллоҳ Бобо рӯзи ҷумъа дар нишасти Маҷлиси сенои Афғонистон эълом кард, пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Батикути вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон ба аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар вулусволиҳои Хугёнӣ ва Деҳи Боло таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунад. Намояндаи Нангарҳор афзуд, Амрико ва гурӯҳи террористии ДИИШ идомаи ҷанг дар Афғонистонро хостор ва ба дунболи ноамнтар кардани ин кишвари ҷангзада ҳастанд. Ҳамчунин Шикебо Ҳошимӣ, яке дигар аз аъзои парлумони Афғонистон низ дар ин бора гуфт, Вашингтон дар талош аст, то бо интиқоли ин террористҳо ба шимоли Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказиро ноамн ва аз ин тариқ Русияро таҳдид кунад. Пеш аз ин низ Зоҳир Қадир, намояндаи мардуми вилояти Нангарҳор дар парлумони Афғонистон ҳамвора бар кумаки бархе мақомоти давлатӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид кардааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 14 ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла 11 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур дорад ва Вашингтон дар садади афзоиши низомиёни худ дар ин кишвар аст. Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм то кунун ҳеҷ дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомии афғон ва тахриби зерсохтҳои ин кишвар надоштааст ва ноамнӣ рӯз ба рӯз дар Афғонистон афзоиш меёбад.