Декабр 16, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди уламои Афғонистон: Тасмими Трамп нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст

Иттиҳоди уламои Афғонистон тасмими Трамп бино бар ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро, нақзи қавонини байналмилалӣ хонд.

Иттиҳоди уламои Афғонистон рӯзи шанбе бо интишори баёнияе зимни маҳкум кардани ин тасмими раисиҷумҳури Амрико, эълом кард, Трамп бо ин тасмими худ, амали террористӣ анҷом дода ва аз тамоми қавонин ва усули байналмилалӣ таҷовуз кардааст.

Ин баёния аз мусулмонони ҷаҳон хостааст аз Байтулмуқаддас дифоъ ва садои эътирозии худро зидди боҷхоҳиҳои Амрико ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.

Рӯзи ҷумъа шумори зиёде аз уламои устонҳои Парвон, Каписо ва Панҷшер низ тасмими Трампро маҳкум ва онро иқдом «золимона» эълом карданд.  Уламои динии Афғонистон бо додани шиорҳои «марг бар Амрико ва марг бар Исроил», хоҳони хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон шуданд.