Август 20, 2016 20:16 Asia/Dushanbe
  • Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ размоиши низомӣ баргузор мекунад

Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ ин ҳафта размоиши низомии муштаракро бо ҳузури афсарон ва нерӯҳои низомии кишварҳои узви ин созмон дар пойгоҳи низомии "Обуз-Лесновский"-и Беларус баргузор мекунад

Ба гузориши хабаргузории Форс, сухангӯи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, гуфт, ин размоиши низомии муштарак, аз 23 то 27-уми август бо ҳузури беш аз ҳазор афсар, сарбози нерӯҳои мусаллаҳ, мақомоти интизомӣ ва беш аз 500 дастгоҳи таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймо ва васоили нақлияи зиреҳӣ аз 6 кишвари узви ин созмон баргузор мешавад.

Владимир Зайниддинов афзуд, размоиш ҳифзи сулҳи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо унвон "бародарии халалнопазир -2016", панҷумин тамрини низомии муштараке аст, ки бо ҳадафи омодагии нерӯҳои ҳофизи сулҳ ва таъмини амнияти минтақа иҷро мешавад.

Вай гуфт, ин тамринҳо бахши муҳимме аз таомулоти ниҳодҳои дифоии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон, Беларус ва Тоҷикистон дар чорчӯби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аст.

Зайниддинов афзуд, намояндагони Созмони милал ва кумитаи байналмилалии Салиби Сурх низ барои ширкат дар ин размоиш даъват шудаанд.

Созмони паймони амнияти ҷамъӣ шомили кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ва узви нозири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аст.

Ин созмон бо ҳадафи маҳдӯд кардани заминаи густариши НАТО ва нуфӯзи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои пасошуравӣ ташкил шудааст.