Декабр 19, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Дувуним соли зиндон барои тавҳин ба Ислом ва мусалмонон дар Чин

Як додгоҳи маҳаллӣ дар шимолу шарқи Чин яке аз сокинони ин минтақаро ба ҷурми тавҳин ба дини Ислом ва мусалмонон ба дуюним соли ҳабс маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, Ли Ҷидонг, сокини шаҳри Шэнян, шимолу шарқи Чин аз соли 2009 то 2016 матолибу тасовире дар интернет мегузоштааст, ки ҳовии интиқод аз мусалмонон, ҳамла ба дини Ислом ва тавҳин ба муқаддасот будааст. Бинобар ин шумори зиёде аз мусалмонони ин шаҳр, ки як пойгоҳи саноатӣ дар Чин маҳсуб мешавад, ба мақомҳои маҳаллӣ шикоят карданд ва парвандае барои ин фард дар додгоҳ ташкил шуд. Додгоҳ дар ҷараёни муҳокима эълом кард, ки ин фард бо ин иқдомот усулу қавонини марбут ба баробарии ақаллиятҳо ва динҳоро зери по гузошта, бо пахши матолиби ёдшуда нафратпароканӣ карда, боиси музоҳиматҳои иҷтимоӣ шудааст.

Ин фард ба иллати иқдомоти зиддиақаллиятӣ ва тавҳин ба дини Ислому мусалмонон як бори дигар дар соли 2009 дастгир ва пас аз муддате бо санади замонат озод шуд, вале дубора, дар соли 2016 маъмурони Чин ӯро ба ҳамин ҷурм дастгир карданд.

Бар асоси омори расмии давлати Чин, беш аз 20 миллион нафар дар ин кишвар мусалмон ҳастанд, вале тибқи омори ғайрирасмӣ, шумори мусалмонҳо дар ин кишвар то беш аз 50 миллион гуфта мешавад.