Тарроҳии сареътарин ҷангандаи раҳгири ҷаҳон дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27251-Тарроҳии_сареътарин_ҷангандаи_раҳгири_ҷаҳон_дар_Русия
Ширкати ҳавопаймосозии “МиГ” сареътарин ҷангандаи раҳгири ҷаҳонро тарроҳӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 23, 2017 08:49 Asia/Dushanbe
  • Тарроҳии сареътарин ҷангандаи раҳгири ҷаҳон дар Русия

Ширкати ҳавопаймосозии “МиГ” сареътарин ҷангандаи раҳгири ҷаҳонро тарроҳӣ кард.

Ба гузориши “Росийская газета”, органи давлати Русия, Виктор Бондарев, раиси Кумитаи амният ва дифои парлумони Русия эълом кард, ҳавопаймои ҷадиди насли панҷуми “МиГ-41” ё ҳавопаймои раҳгири дурбурд, сареътарин (босуръаттарин) ҳавопаймои ҷангандаи шикорӣ дар ҷаҳон бо ҳаддиаксари радаргурезӣ хоҳад буд.

 Бандарев афзуд, ин ҳавопаймо на фақат қодир ба муқобила бо таҳдидоти стандарт бо манёври каммонанди мушакҳои болдор, паҳподҳо ва бомбафканҳост, балки имкони муқобила бо мушакҳои мофавқи савтро ҳам хоҳад дошт.

Бар асоси ин гузориш, ҷангандаи раҳгири “МиГ-41” дар ҳоли ҳозир мароҳили илмӣ ва озмоишро мегузаронанд.

 Ҷангандаи ҷадиди русӣ ба таслиҳоти ҷадид, аз ҷумла мушакҳои ҳаво ба ҳавои “Р-37” муҷаҳҳаз хоҳад шуд.