Декабр 23, 2017 16:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон барои ҳифозат аз марказҳои динӣ

Муовини раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон иҷрои ҳарчӣ зудтари тарҳи ҳифозат аз масҷидҳо ва марказҳои диниро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҳаммади Муҳаққиқ дар вокуниш ба ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар минтақаи шианишини шаҳри Ҳирот, ки панҷ кушта ва 20 захмӣ барҷой гузошт, гуфт, масъулияти кушта шудани мардум бо ниҳодҳое аст, ки иҷрои тарҳи ҳифозат аз масоҷидро ба таъхир меандозанд.

Вай зимни маҳкум кардани ин ҳамлаи террористӣ афзуд, ин тарҳ танҳо дар шаҳри Кобул ба таври ноқис ва бидуни пардохти ҳуқуқ ба нерӯҳои амниятӣ ва таҷҳизоти мавриди ниёз анҷом шуда ва дар бархе дигар аз шаҳрҳо монанди Мазори Шариф ва Ҳирот иҷро нашудааст.

Чанде пеш Шӯрои уламои шиаи Афғонистон Тарҳи таъмини амнияти маросим ва маконҳои мазҳабӣ дар ин кишварро ба давлати Афғонистон пешниҳод дод, аммо пас аз он низ чанд ҳамлаи террористӣ дар марокизи динӣ ба вуқуъ пайваст.