Хатаре ҷиддӣ дар равобити Амрико ва Русия
Дмитрий Песков, сухангуи Кремлин гуфт: Ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия хатаре ҷиддӣ барои равобити Русияву Амрико хоҳад дошт.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Дмитрий Песков дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи истифода аз лафозиҳои даврони ҷанги сард дар равобити байни Амрикову Русия ибрози нигаронӣ карду афзуд: Мо хостори чунин вазъе нестем .
Вай тасреҳ кард: Русия қасд надорад, дар мавриди лағви таҳримҳо ҳарфе бизанад, зеро ин масъала бо онҳоест, ки чунин таҳримҳоеро эъмол кардаанд .
Песков гуфт: Владимир Путин ҳаргиз рӯйкарди манфӣ дар қиболи таҳримҳо алайҳи ин кишварро махфӣ накарда ва ҳамвора таъкид кардааст, ки мо ин таҳримҳоро ғайриқонунӣ медонем ва Маскав қасд надорад, дар мавриди лағви ин таҳримҳо гуфтугӯ кунад .
Сухангуи Кремлин тасреҳ кард: Масоиле аз ҷумла тавқифи сохтмонҳои дипломатии Русия дар Амрико ва вокуниши Маскав ба иқдомоти Вашингтон ва ҳамчунин иттиҳомоти ҳар дутараф алайҳи якдигар дар хусуси нақзи паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд боиси тирагӣ дар равобити байни Амрикову Русия шудааст .