Омодагии Русия барои миёнҷигарӣ байни Вашингтон ва Пхенян
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27475-Омодагии_Русия_барои_миёнҷигарӣ_байни_Вашингтон_ва_Пхенян
Сухангӯи Кремл аз омодагии Русия барои миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ ба манзури кумак ба рафъи масъалаи атомии Пхенян хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 26, 2017 16:42 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои миёнҷигарӣ байни Вашингтон ва Пхенян

Сухангӯи Кремл аз омодагии Русия барои миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ ба манзури кумак ба рафъи масъалаи атомии Пхенян хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Дмитрий Песков гуфт, Маскав омодагӣ дорад, дар сурати лузум ё дархости тарафайн миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ миёнҷигарӣ кунад. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико авоили моҳи декабр ҳангоми гуфтгӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз ӯ хост, то ба ҳалли мавзӯи ҳастаии Кореяи Шимолӣ кумак кунад. Песков таъкид кард: «Миёнҷӣ шудан ба хости ду тараф ниёз дорад». Аз тарафи дигар Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико эълом кард, Вашингтон омодагӣ дорад, то дар ҳар замон бидуни ҳар гуна пешшарте бо Кореяи Шимолӣ вориди музокира шавад, аммо таъкид кард, ки талоши дипломатӣ бояд бо як гузинаи низомии бисёр муҳкам тақвият шавад.

Ҷанги лафзии сарони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар моҳҳои ахир ва озмоишҳои мушакии Пхенян авзоъро дар шибҳиҷазираи Корея буҳронӣ кардааст.