Озмоиши муваффақиятомези мушаки қорапаймои Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i27511-Озмоиши_муваффақиятомези_мушаки_қорапаймои_Русия
Вазорати дифои Русия эълом кард, як мушаки қорапаймо аз навъи “Топол” ё РС – 12М -ро бо муваффақият озмоиш кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2017 12:08 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши муваффақиятомези мушаки қорапаймои Русия

Вазорати дифои Русия эълом кард, як мушаки қорапаймо аз навъи “Топол” ё РС – 12М -ро бо муваффақият озмоиш кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Вазорати дифои Русия дар гузориши худ хотирнишон кард, мушаки қорапаймои “Топол”  дар майдони низомии Капустин Як, дар вилояти Астрахан, дар шимоли ғарби баҳри “Хазар” озмоиш шуд.

Мушакҳои “Топол” ё РС – 12М се марҳалаӣ ҳастанд, ки бо сӯхти ҷомид (сахт) кор мекунанд ва дар соли 1988 дар хидмати артиши Шӯравӣ ва пас аз фурӯпошии он дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Русия қарор гирифтааст.

Русия талош мекунад то мушакҳои баллистик ва қорапаймои ҷадиди худро ба гунае тарроҳӣ кунад, ки аз сомонаи падофанди мушакии Амрико дар Аврупо, ки ба гуфтаи русҳо суботи роҳбурдии ин кишварро таҳдид мекунад, убур кунад.

Вазорати дифои Русия пештар эълом карда буд, дар соли 2017 беш аз 10 мушаки қорапаймо озмоиш мекунад, ки дар муқоиса бо соли 2016, ки шаш мушак аз ин навъ озмоиш кард, ҳудуди ду баробар афзоиш меёбад.