Декабр 28, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико дар интихоботи мо дахолат накунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Амрикоро ба мудохила дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаи Русия муттаҳам кард.

Ба гузориши “Спутник”, Мария Захарова рӯзи чаҳоршанбе вокуниши Вазорати умури хориҷаи Амрикоро ба тасмими Комиссиюни марказии интихоботи Русия дар бораи Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ин кишвар, мудохилаи Вашингтон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия донист.

Комиссиюни марказии интихоботи Русия рӯзи душанбе мадорики Навалнийро барои сабти ном дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар напазируфт ва эълом кард, ӯ ба иллати маҳкумияти ҷиноӣ дар гузашта муҷоз ба номзадӣ дар интихобот нест.

Ба дунболи ин тасмими Комиссиюни марказии интихобот, Навалний аз шаҳрвандони Русия хост, интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро таҳрим кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико низ аз тасмими ин Комиссиюни марказии интихоботи Русия ибрози нигаронӣ кард ва онро фишор бар номзадҳои мустақил хонд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия 18 - уми марти соли 2018 баргузор мешавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия барои чаҳорумин бор номзади интихобот шудааст.