Даъвати Русия аз сад кишвар барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурӣ
(last modified Thu, 28 Dec 2017 11:45:39 GMT )
Декабр 28, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Русия аз сад кишвар барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Раиси Кумитаи марказии интихоботи Русия аз даъвати намояндагони 100 кишвари ҷаҳон барои назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Элла Памфилова, раиси Кумитаи марказии интихоботи Русия, имрӯз (панҷшанбе) дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Комиссияи марказии интихоботи Русия ба бисёре аз анҷуманҳои байналмилалӣ барои эъзоми нозирони интихоботӣ, даъватнома ирсол хоҳад кард.

Памфилова афзуд, Маскав қасд надорад нозирониро аз Украина даъват кунад.

Интихоботи раёсатҷумҳури Русия, рӯзи 18 моҳи марти соли 2018 баргузор мешавад.

Таблиғоти интихоботи раёсатҷумҳурии Русия аз ҳафта гузашта, оғоз шуда ва токунун 34 нафар аз ҷумла Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои эъломи номзадӣ дар интихобот, ибрози тамоюл кардаанд.