Эътисоби саррофони афғон ба иллати набуди амният
Декабр 28, 2017 21:09 Asia/Dushanbe
Саррофони Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар эътироз ба ҳамалоти мусаллаҳона, алайҳи саррофиҳо ва набуди амнияти ҷонӣ ва молӣ, эътисоб карданд.
Ин иқдоми Шӯрои саросарии саррофон пас аз ҳамлаи рӯзи гузаштаи як фарди мусаллаҳ ба як саррофӣ дар вилояти Нангарҳор (шарқи Афғонистон) ва захмӣ кардани панҷи молики саррофӣ, сурат гирифт.
Мирафғон Софӣ, раиси Шӯрои саросарии саррофон дар Афғонистон дар ин бора гуфт, муътаризон саррофиҳоро барое чанд рӯз баста ва хадамоти табодули пулиро мутаваққиф кардаанд.
Саррофони мӯътариз хостори афзоиши тадобири амниятии давлати Афғонистон шудаанд.